• shbshd@mail.ru
  • 221-86-89
  • ш. Душанбе, куч. Дехлави 4

Рузи Конститутсияи Ҷумхурии Тоҷикистон муборак ҳамватанони азиз!!!

05 Ноябр | 11:49, 2019
17

          Конститутсияи Чумҳурии Тоҷикистон

– ин омили муҳими муттаҳидшавӣ, ҳифзи ризояти шаҳрванди, сулху суббот ва  ороми  дар ҷомеъа мебошад. Бисту панҷ сол муқаддам, бо ташаббус ва пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бунёдгузори давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон ҳастанд, Қонуни асосии кишвар - Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд. Бахшида ба 25-ум сологарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рузи 4 ноябри соли 2019 дар толори маҷлисии ҶСК “Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе” ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид. Ҷаласаро Сармуҳандиси корхона Самизода Абдуалим Маҳмад ҳусни оғоз бахшида, ҳайати шахсии корхонаро бо фарорасии ин рӯзи фархунда табрик намуд. Номбурда иброз дошт: Дастовардҳое, ки давоми солҳои амали Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон насиби халқу давлати тозабунёди мо гардидаанд, натиҷаи хирад ва сиёсати оламгири Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва орияти ватандӯстии халқи шарифи Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Ин санади тақдирсоз-шаҳодатномаи бақо ва ҳастии давлат, аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон дар ибтидои солҳои навадуми асри гузашта буда, баёнгари бунёди давлати ҳуқуқии соҳибистиқлоли тоҷикон, ормонҳои давлатдорӣ, осори таърихӣ ва фарҳангии миллӣ мебошад. Дар асоси он сокинони Тоҷикистон сарнавишти худро муайян намуда, ба бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона асос гузоштанд ва он имрӯз баҳри ифодаи ҳуқуқии хусусияти давлатдории миллии тоҷикон дар арсаи байналхалқи нақши хосаеро доро мебошад.

Ҳамватанони азиз!  Табрикоти самимонаи  моро ба муносибати  25 - умин солгарди ҷашни   Конститутсияи  Чумҳурии Тоҷикистон бипазиред.  Дар ин рӯзи муҳимму идона Шумо ва дар симои Шумо ба  тамоми хонаводаатон саломати, бахту саодат, зиндагии осуда, сарсабзиву хонаободиро таманно менамоем.


Ҳамаи эълонҳо