• shbshd@mail.ru
  • 221-86-89
  • ш. Душанбе, куч. Дехлави 4

«Парчам - рамзи муқаддаси Ҷумҳурии Тоҷикистон»

23 Ноябр | 09:38, 2018
273

«Парчам - рамзи муқаддаси Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанўз 24 ноябри соли 1992 аз ҷониби Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида буд. Минбаъд ин сана ҳамчун ҷашни умумимиллӣ аввалин маротиба рўзи 24 ноябри соли 2009 бо ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва соҳибистиқлолию соҳибихтиёрӣ, яъне баъди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид» бошукўҳ Рўзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон – 24 ноябр ҷашн гирифта шуд. Дар саросари кишвар вобаста ба он ҷашнвораю ҷамъомад ва маъракаҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангию варзишӣ баргузор гардиданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни табрикоти телевизиониашон 23 ноябри соли 2009 ба муносибати Рўзи Парчами давлатӣ қайд намуда буданд, ки «Парчами имрўзаи давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад».

Дар он тасвири рангҳои сурх, сафед ва сабз, талошу мубориза ва саъйу кӯшиши халқу миллати тоҷикро баҳри озодиву истиқлол, худшиносиву меҳанпарастӣ ва ихтиёр намудани зиндагии орому осоишта, арзандаю поянда, осудаву устувор ифода менамояд.

Ранги сурх – рамзи ягонагии кишвар, сулҳу дӯстии миёни миллатҳо ва ҷоннисориҳои мардум ба хотири ҳифзи марзу бум мебошад.

Ранги сафед – рамзи сафедӣ, покӣ, фаровонии барфу кўҳҳои баланди кишвар ва боигарии асосии мамлакат – пахта аст.

Ранги сабз – рамзи водиҳои сабзпӯш, сарзамини кишоварзӣ, ҳамчунин шукуфоии кишвар аст.

Инъикоси тоҷ ва ҳафт ситора бошад, дар парчами давлатии Тоҷикистон аз соҳибдавлатӣ ва мустақилияту соҳибихтиёр будани Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.

Парчами давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун рамзи бахту саодат, сарсабзию хуррамӣ ва сарбаландии миллату давлати тоҷикон, мақсаду ҳадафҳои созандаи ин миллати тамаддунофарро дар баландтарин минбару қасрҳои минтақавию байналхалқӣ ҷилвагар менамояд, ки ин боиси ифтихори мо мебошад.

Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рукн ё худ аломатҳои асосии муқаддасоти миллӣ буда, воҷиби эҳтиром ва арҷгузории кулли шаҳрвандон мебошад. Чунки дар радифи дигар муқаддасот, аз ҷумла Нишон, матн ва оҳанги Суруди Миллӣ аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ расман тасдиқ карда шудааст.

Тазаккур бояд дод, ки қаблан рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ дар Низомномаҳои махсус, ки аз ҷониби Маҷлиси Олӣ тасдиқ карда шуда буданд, ифода ёфта буданд.

Парчами миллӣ, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан ҳам ҳамчун рамзи миллӣ, рамзи давлатдорӣ боиси ифтихору сарбаландии ҳар як тоҷикистонии ватандўсти бонангу номус мебошад.

Парчам ҳамчун рамзи миллӣ ва соҳибдавлатӣ бидуни шакку шубҳа омил ва заминаи ҳуқуқӣ, фарҳангӣ ва сиёсию иҷтимоӣ ҷиҳати баланд бардоштани ҳис ва ифтихори миллӣ нақш ва ҷойгоҳи сазовори худро дорад.

Дар тўли таърих ва умуман ҳоло ҳам дар забони муошират аз Парчам бо номҳои гуногун, аз ҷумла: «Байрақ», «Ливо», «Парчам», «Алам», «Дурафш» ва ғайраҳо ном мебаранд. Аммо дар моддаи 3 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар қатори дигар рамзҳои давлатӣ он ба мафҳуми зебои сирф тоҷикӣ «Парчам» сабт шуда, нишони устуворӣ, пойдории давлату миллат ва забони миллиамон мебошад.

Эҳтироми волои рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ўхдадории ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ буда, дар ҳама ҳолат ба рамзҳои давлатӣ чунин муносибатро ба роҳ мондан зарур аст, ки нисбати онҳо беҳурматӣ зоҳир нагардад.

Парчам яке аз рамзҳои муқаддаси давлатдории тоҷикон буда, дар баробари дигар муқаддасотҳо, аз ҷумла нишони давлатӣ ва акси сардори давлат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пештоқи толорҳо, вазорату идора, корхонаву муассисаҳои давлатӣ, дар биноҳои сафоратхонаву консулгарӣ ва намояндагиҳои Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ва утоқҳои хизматии ашхоси мутасаддию масъул ва роҳбарони сатҳи гуногун шудааст.

Қайд кардан ба маврид аст, ки имрӯз Дурафши Ковиён ҳамчун яке аз рамзу нишона аз давлатдорӣ ва соҳибтамаддунии тоҷикон, ки дар таърихи гузашта борҳо давлатҳои бузурги худро доштанд, дар Ливои Президенти кишвари соҳибистиқлоламон ҳамчун рамзи пойдорӣ ва бардавомии давлати миллиамон тасвир ёфтааст.

Тибқи муқаррароти моддаи 3-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ аст», ки ҳар кадоми онҳо дар тарбияи ватандӯстӣ ва ҳисси миллӣ нақши муҳиму сазовор доранд. Парчами давлатӣ дар радифи дигар рамзҳои давлатӣ муқаддасу шариф буда, баробари Нишон, Суруди миллӣ ва Забони давлатӣ барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол боиси ифтихор мебошад. Ба хусус ҳангоми иҷрои Суруди миллӣ, зимни баланд бардоштани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷашну ҳамоишҳои пурнуфузу баландпояи байналмилалию ҷумҳуриявӣ, ҳамчунин мавриди ғалабаи варзишгарон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ хеле ҳам ғурур ва ҳисси миллиро баланд мебардоранд, ҳатто то андозае, ки аз чунин ифтихорот дар чашмҳо ашки шодӣ ҳалқа мезанад.

Дидан, шунидан ва мушоҳида намудани акс ва калимаю ибораҳои Ватан, Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, Забони давлатӣ (тоҷикӣ, модарӣ), Президент, марзу буми Ҷумҳурии Тоҷикистон касро ҳисси зебои меҳанпарастию ифтихор аз Ватану ватандорӣ ва миллатдўстӣ фаро мегирад ва чунин эҳсосоти гарму навозишпарвар махсусан дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистони азизамон боз ҳам фараҳбахшу гуворо чун Парчами давлатӣ ба ҷилва меоянд.

Рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ нишона ва аломатҳои муҳими соҳибдавлатию соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон обрўю эътибор, шаъну шарафи давлати соҳибистиқлоли кишварамон буда, онҳо на танҳо барои сокинони кишвар воқеан ҳам азизу гиромианд, балки барои ҳамватанону форсизабонони бурунмарзӣ низ боиси ифтихору шодӣ мебошад.

Парчами давлатӣ — ин рамзи ҳокимияти давлатӣ буда, мустақилият ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлат ифода мекунад.

Нишон – ҳамчун аломати расмии фарқкунандаи рамзи давлатӣ буда, он дар бланкаҳои расмӣ, мӯҳри мақомоти давлатӣ, инчунин маблағҳои пулӣ давлатӣ таҷассум гардидааст.

Суруди миллӣ бошад, ин матну оҳанги Суруди давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки дар маҷлису ҷамъомадҳои давлатию расмӣ бо ҳисси ифтихор аз ватандорию истиқлолият ва соҳибдавлатӣ иҷро карда мешавад.

Тибқи моддаи 141 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар болои бинои суд Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар толору ҳуҷраҳои кории судяҳо Парчам ва тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешаванд,

Ҳангоми ба амал баровардани адолати судӣ судяҳо дар либоси махсус, ки дар он тасвири Парчами миллӣ ва дигар рамзҳои давлатӣ акс ёфтаанд, ҷаласа мегузаронанд  ва адолати иҷтимоиро зери Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин мекунанд.

Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон партавфишонӣ намуда, ҳамчун нишон аз истиқлолияти давлатию миллӣ, халқу миллати Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуда, дар бинои Созмони миллали муттаҳид ва дигар созмону ташкилот ва муассисаҳои бузурги ҷаҳонию минтақавӣ дар радифи парчамҳои дигар давлатҳои олам аз Тоҷикистони соҳибистиқлол иттилоъ медиҳад.

Бигзор Парчами давлатӣ болои сари миллату давлати тоҷикон абадан ҷилвагар ва парафшон бошад.

 


Ҳамаи эълонҳо