• shbshd@mail.ru
  • 221-86-89
  • ш. Душанбе, куч. Дехлави 4

Наврӯз муборак ҳамватанони азиз!

17 Март | 13:42, 2019
105

 Имрӯз мо дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмиллалӣ қарор дорем. Наврӯз яке аз қадимтарин ҷашни фархундаи  мардуми тоҷик буда, он зодаи хираду андеша, ҷаҳонбинӣ ва тафаккури гузаштагони бузурги мо мебошад. Наврӯз, ки таҷассумгари некиву накӯкорӣ, бахшоишу меҳрубонӣ ва созандагиву бунёдкорӣ мебошад ҳоло ба ҷашни ҷаҳонӣ мубаддал гаштааст. Наврӯз риштаи ҷовидонаи пайванди инсону табиат, оғози зиндагии тоза ва бахту саодат буда, ба остонаи ҳар як хонадон чун пайки шодиву нишот ва эҳёи замину табиат қадам мениҳад. Бо нафаси мубораки хеш кинаро аз замири мо дур сохта, меҳру бародарӣ, шафқату меҳрубонӣ ва хайру саховатро дар дили ҳар яки мо меангезад. Бо расидани Наврӯз рӯзгори куҳан зиндагиро аз сар мегирад, табиат рахти нав ба тан мекунад. Наврӯз на танҳо иди баҳор, балки тарғибгари беҳтарин суннатҳои воло ва фарҳанги ғании ниёгонамон маҳсуб мегардад. Зеро маҳз анъанаҳои ахлоқӣ ва таърихии халқ, аз ҷумла ҳикмати Наврӯз мардуми моро дар лаҳзаҳои ҳассоси зиндагӣ ба ягонагӣ, ору номус ва ҳимояи Ватан ҳидоят менамояд.

 Бахшида ба иди байналмиллалии Наврӯз дар ҶСК “Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе” маросими тантанавии идона баргузор гардид. Роҳбарияти корхона ҳамаи кормандон ва меҳмонони маросимро ба муносибати фарорасии Наврӯзи фархундапай табрику муборакбод намуда, ба ҳамагон осмони софу беғубор, зиндагии бобарор ва саодатмандию сарбаландии рӯзгорро таманно намуданд.

       Ҳамдиёрони азиз! Фарорасии Наврӯзи оламафрӯз, баҳори нозанинро ба Шумо ва аҳли хонадону пайвандонатон шодбош мегӯем. Орзуманди онем, ки Наврӯзи имсола ба мардуми куҳанбунёди Тоҷикистон дар амалисозии нақшаву барномаҳои бунёдкорона нерӯи тоза бахшида, ба ҳар як сокини ин сарзамин комёбиҳои нав биёрад.


Ҳамаи эълонҳо