• shbshd@mail.ru
  • 221-86-89
  • ш. Душанбе, куч. Дехлави 4

Натиҷаи мусобиқаи маҳорати касбӣ байни дастаҳои таъмирии ҶСК “Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе”

26 Сентябр | 16:30, 2018
110

Аз 25.09.2018 то 26.09.2018 дар машқгоҳи  ҶСК “Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе” мусобиқаи маҳорати касбӣ байни дастаҳои таъмирии ҶСК "Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе" дар панҷ марҳила гузаронида шуд.

Марҳилаи 1 - Санҷиши савияи дониши  кормандон.

Марҳилаи 2 - Озод намудани ҷабрдида ва расонидани ёрии аввалияи тиббӣ.

Марҳилаи 3 - Иваз намудани ноқили 0,4 кВ дар буриши хати барқии 10 кВ.

Марҳилаи 4 - Хомуш намудани сӯхтор дар ЗТК - 10/0,4 кВ.

Марҳилаи 5 - Иваз намудани оиқи гузарандаи 10 кВ дар ЗТК - 10/0,4 кВ. 

Баъди гузаштани марҳилаҳои мусобиқаи маҳорати касбӣ байни дастаҳои таъмирии ҶСК "Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе", ғолибони мусобиқаи мазкур муайян карда шуд. 

Мукофотонида шуд: Дастаи Шабакаҳои барқии ноҳияи Сино. Бо ифтихорнома ва мукофоти пулӣ ба маблағи 10 000 сомонӣ барои ишғол намудани ҷойи якум дар мусобиқаи маҳорати касбӣ байни шабакаҳои барқии ноҳиявии "Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе".

Мукофотонида шуд: Дастаи Шабакаҳои барқии ноҳияи Сомонӣ. Бо ифтихорнома ва мукофоти пулӣ ба маблағи 5000 сомонӣ барои ишғол намудани ҷойи дуюм дар мусобиқаи маҳорати касбӣ байни шабакаҳои барқии ноҳиявии "Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе".

Мукофотонида шуд: Дастаи минтақаи барқии Гипрозем. Бо ифтихорнома ва мукофоти пулӣ ба маблағи 3000 сомонӣ барои ишғол намудани ҷойи сеюм дар мусобиқаи маҳорати касбӣ байни шабакаҳои барқии ноҳиявии "Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе".

Ва инчунин шахсони фаъоли мусобиқа ба мукофотҳои махсус ноил гаштанд:

Ба маблағи 300 сомонӣ барқкори аз ҳама куҳансоли мусобиқа Одинаев Убайдулло.

Ба маблағи 300 сомонӣ барқкорӣ аз ҳама ҷавони мусобиқа Алиев Дилшод.

Ба маблағи 300 сомонӣ барқкори беҳтарини дастаи корӣ Ҷумъаев Ҷамшед.

Ба маблағи 300 сомонӣ барқкори иҷрокунандаи кори беҳтарини дастаи корӣ Ғуломов Рустам.

Ба маблағи 300 сомонӣ устои беҳтарини мусобиқа Муҳидинов Меҳрубон.


Ҳамаи эълонҳо