• shbshd@mail.ru
  • 221-86-89
  • ш. Душанбе, куч. Дехлави 4

Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ байни дастаҳои хизматрасонии шабакаҳои тақсимоти 0,4-10 кВ Шабакаҳои барқии ШСХК "Барқи Тоҷик"

23 Июл | 09:33, 2019
91

Аз 18.07.2019 то 19.07.2019 дар машқгоҳи таълимии ЗБ "Академгородок"  ҶСК “Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе” мусобиқаи ҷумҳуриявӣ байни дастаҳои хизматрасонии шабакаҳои тақсимоти 0,4-10 кВ Шабакаҳои барқии ШСХК "Барқи Тоҷик" дар шаш марҳила гузаронида шуд.

Марҳилаи 1 - Санҷиши савияи дониши  кормандон аз ҚТБ, ҚИТ, ва ҚБС бо истифодаи барномаи компютерӣ.

Марҳилаи 2 - Озод намудани ҷабрдида (манекен) аз таъсири ҷараёни барқ дар пояи оҳану бетонии ХБ-10 кВ ва расонидани ёрии аввалияи тиббӣ дар (манекен-тренажор) намуди "Гоша - 06".

Марҳилаи 3 - Иваз намудани изолятори нуқсондор пояи оҳану бетонии (анкерии кунҷӣ) ХБ - 10 кВ.

Марҳилаи 4 - Хизматрасонии техникии ҷудокунаки намуди РЛНД - 10 дар ХБ - 10 кВ бо истифодабарии АГП (ё иҷрои кор аз рӯи замин дар корзинаи АГП).

Марҳилаи 5 - Иваз намудани изолятори гузариши 10 кВ дар ИТМШ - 10/0,4 кВ.

Марҳилаи 6 - Хомуш намудани сӯхтор дар ИТМШ - 10/0,4 кВ.

 Баъди гузаштани марҳилаҳои мусобиқаи ҷумҳуриявӣ байни дастаҳои хизматрасонии шабакаҳои тақсимоти 0,4-10 кВ Шабакаҳои барқии ШСХК "Барқи Тоҷик", ғолибони мусобиқаи мазкур муайян карда шуд. 

Мукофотонида шуд: Дастаи Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе. Бо ифтихорнома, тӯҳфаҳо ва мукофоти пулӣ ба маблағи 3 000 сомонӣ барои ишғол намудани ҷойи якум дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ байни дастаҳои хизматрасонии шабакаҳои тақсимоти 0,4-10 кВ Шабакаҳои барқии ШСХК "Барқи Тоҷик".

Мукофотонида шуд: Дастаи Шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд. Бо ифтихорнома, тӯҳфаҳо ва мукофоти пулӣ ба маблағи 2 000 сомонӣ барои ишғол намудани ҷойи дуюм дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ байни дастаҳои хизматрасонии шабакаҳои тақсимоти 0,4-10 кВ Шабакаҳои барқии ШСХК "Барқи Тоҷик".

 

Мукофотонида шуд: Дастаи Шабакаҳои барқии Истаравшан. Бо ифтихорнома, тӯҳфаҳо ва мукофоти пулӣ ба маблағи 1 000 сомонӣ барои ишғол намудани ҷойи сеюм дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ байни дастаҳои хизматрасонии шабакаҳои тақсимоти 0,4-10 кВ Шабакаҳои барқии ШСХК "Барқи Тоҷик".

            ҶСК "Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе"


Ҳамаи эълонҳо