• shbshd@mail.ru
  • 221-86-89
  • ш. Душанбе, куч. Дехлави 4

КОНФЕРЕНСИЯИ II ҲИСОБОТӢ ИНТИХОБОТИИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ИБТИДОИИ “НУРИ ИСТИҚЛОЛ” ДОИР ГАРДИД

25 Октябр | 11:47, 2019
39

Бо иштироки Зуҳурова Заррина-мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад-Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур, Манучеҳри Хурсандзод-Директори ҶСК “Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе” Конференсияи II ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Нури Истиқлол” баргузор гардид.
Нахуст ҳисоботи Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Нури Истиқлол” оид ба фаъолияти кумита шунида шуд. 
Ҳамчунин раис, муовин, котиб ва аъзоёни кумитаи иҷроияи ибтидоӣ интихоб гардиданд.
Сипас Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад-Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур оид ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз санаи 27-уми сентябри соли 2019 баргузор гардида буд, андешаронӣ кард. Дар идома мавсуф роҷеъ ба фаъолияти кории натиҷабахши Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Нури Истиқлол”, дастовардҳои даврони истиқлолият, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, ба истифода додани агрегати дуюми Нерӯгоҳи барқии обии “Роғун” ва ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани маъракаҳои муҳими сиёсӣ ибрози андеша намуд.
Дар кори Конференсия Зуҳурова Заррина-мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе суханронӣ намуд.
Бо қарори Конференсия вакилон аз Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Нури Истиқлол” ҷиҳати иштирок дар Конференсияи XXIX ҳисоботӣ-интихоботии ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур интихоб гардиданд.
Дар фарҷом аъзоёни фаъоли Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Нури Истиқлол” бо Ифтихорнома ва Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур сарфароз гардонида шуданд.


Ҳамаи эълонҳо