• shbshd@mail.ru
  • 221-86-89
  • ш. Душанбе, куч. Дехлави 4

Истиқлолият неъмати бебаҳост

08 Сентябр | 09:51, 2021
126

     Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрӯз ифтихор доранд, ки 30 сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди нави миллӣ гардидем.
Дар ибтидои истиқлолияти давлатӣ Худованд ба халқи тоҷик Пешвоеро ато кард, ки миллату давлати моро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намуда, Тоҷикистони соҳибистиқлолро обод ва ҷанги бародаркушро хотима бахшиданд. Сарвари давлати тоҷикон пайваста тамоми кушиши худро ба харҷ медиҳанд, то мардум зиндагии шоиста дошта бошанд. 9-уми сентябри соли 1991чун воқеаи муҳими таърихии сарнавишти миллати тоҷик сабт шудааст: санаи эълон гардидани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ин ҳодисаи тақдирсоз аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуқуъ пайваст ва 9 сентябр расман Рўзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Аз ҳамон вақт то имрўз ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддас маҳсуб мешавад. Даврони Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрўзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сўи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омўзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.

Имрӯз Тоҷикистон сохибихтиёр аст. Самараи неки истиқлол аст, ки Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон - манбаи омузиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори ҳар як фарди тоҷик аст. 

Бигузор иди муқаддаси Истиқлолият барои ҳар фарди соҳибдилу озодаи кишвар саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осуда ва комёбию кушоишҳо оварад! Поянда бод ваҳдати миллӣ ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон!

         30 солагии Истиклолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!


Ҳамаи эълонҳо