• shbshd@mail.ru
  • 221-86-89
  • ш. Душанбе, куч. Дехлави 4

Бахшида ба "27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

14 Июл | 00:08, 2018
112

7 сентябри соли 2018 дар толори маҷлисии ҶСК “Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе”  бахшида ба таҷлили 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи идона баргузор гардид. Ҷаласаро Директори корхона Раҳимзода Асадулло Акрам ҳусни оғоз бахшида, ҳайати шахсии корхонаро бо фарорасии ин рӯзи фархунда табрик намуд. Номбурда иброз дошт, ки озодиву соҳибистиқлолӣ бароямон дастоварди бузургтарин маҳсуб мешавад, ки имрӯзҳо самараи онро дар рӯзгори ҳар хонадон ба хубӣ эҳсос мекунем ва ифтихор менамоем, зеро маҳз Истиқлолият барои бунёди ҷомеаи демократию шаҳрвандӣ ва низоми пешрафтаи ҳуқуқӣ дар заминаи арзишҳои умумибашарӣ шароиту заминаи мусоид фароҳам овард. Бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори дигар корхонаҳо ҶСК "Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе" низ ба муваффақиятҳои зиёди энергетики ноил гардид.



Ҳамаи эълонҳо