• shbshd@mail.ru
  • 221-86-89
  • ш. Душанбе, куч. Дехлави 4

Бахшида ба 25-ум сологарди рузи Вахдати миллии Чумхурии Точикистон

24 Июн | 10:07, 2022
47

Бахшида ба 25-ум сологарди  рузи Вахдати милли Чумхурии Точикистон рузи 24 июни соли 2022 дар толори маҷлисии ФҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ"дар  шаҳри Душанбе” ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид. Ҷаласаро роҳбари  корхона Сами Даврон Шариф ҳусни  оғоз бахшида, ҳайати шахсии корхонаро бо фарорасии ин рӯзи фархунда табрик намуд. 

Барои ҳар як давлату миллат ваҳдат ва ризоияти миллӣ инъикосгари ормонҳои миллӣ ба ҳисоб меравад. Миллатҳои гуногун дар бархе аз кишварҳои ҷаҳон дар орзуи амну субот ва ризоияти миллӣ мебошанд. Дар тӯли таърих миллати куханбунёди тоҷик ба сари касе ханҷар накашида, бо сари баланд аз Истиқлолу озодии хеш дифоъ намудааст.
Вазъи ногувори геополитикии солхои 90-уми асри 20 ба Ҷумхурии Тоҷикистон низ бе таъсир намонд. Дасисакорони дохилию хориҷӣ мехостанд, ки бо манофеи геополитикии давлатҳои бегона ҳуввияти миллӣ, расму русум, мансуб ба нажоди ориёӣ, таърих, забон ва фарҳанги куҳани моро аз байн бурда, пойбанди идеологияи бегона намоянд. Хушбахтона тоҷикон ҳамеша накӯном ва саодатманд буданд ва барҳақ ба қавли номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ., Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ , ки қайд менамоянд: «Дар симои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таърих бори дигар собит сохт, ки наҷоти ҳар як миллат дар лаҳзаи ҳасосу фоҷиабор бо зуҳури шахсияти бузурги миллӣ вобастагии зич дорад. Зеро махз шахсятҳои бузург кодиранд инсонҳоро дар ҳалли масъалахои печидаву мураккаби иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ роҳнамо карда дар қалбу дидаи мардум шуълаи умедро ба ояндаи дурахшон барафрӯзанд. Ва чунин шахсияти шуҷову қавиирода барои миллати бостониву бофарҳанг, аммо дар ибтидои солҳои 90-уми қарни сипаригашта бо дасисаи душманони дохиливу хориҷӣ мардуми азияткашидаи тоҷик, маҳз дар симои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зуҳур намуд. Падид омадани шахсияти барҷаставу нотакрор бахти тоҷикон буд, зеро миллатро сарҷамъ намуд ва ба кишвар истиқлоли воқеӣ овард».

Ҳамасола Рӯзи ҷавонон ва Ваҳдати миллӣ бо ташаббуси Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон ботантана ва шукӯҳу шаҳомати хос ҷашн гирифта мешавад, ки пур аз чорабиниҳои мухталиф барои насли ҷавони кишвар мебошад. Чорабиниҳои мазкур иборат аз барномаҳои варзишӣ, фарҳангӣ, шабҳои назм ва консертҳо иборат мебошад.
25- солагии рузи вахдати милли муборак бошад хамватанони азизу гироми.

      ФҶСК " Шабакаҳои тақсимоти барқ" дар шаҳри Душанбе" 


Ҳамаи эълонҳо