• shbshd@mail.ru
  • 221-86-89
  • ш. Душанбе, куч. Дехлави 4

22 - декабр рӯзи иди касбии энергетикҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

21 Декабр | 12:45, 2018
291

Рӯзи 22-декабр ба ташкилёбии системаи энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон 82 сол пур мешавад. Дар ин давра соҳаи энергетика ба пешрафту тараққиёти назаррас ноил гашт ва имрӯз он дар рӯшду нумуи иқтисодиёт ва иҷтимоиёти кишвар нақши ҳалкунандаро мебозад.

Нахустин Нерӯгоҳи Барқии Обии кишвари мо ин нерӯгоҳи Варзоби Боло  ба шумор меравад, ки сохтумонаш соли 1931 дар соҳили чапи дарёи Варзоб оғоз ёфт. То ин вақт дар шаҳри Душанбе истгоҳи дизелии барқи бо иқтидори 78кВт кор мекард, ки он баъзе кӯчаву иморатҳоро рӯшноӣ медод.

     Аз ин рӯ, бунёди неругоҳҳои барқии оби барои рӯшди саноати навбунёди Тоҷикистон аҳамияти калон дошт. Дар он солҳо ба чунин иқдом даст задан кори осон набуд, аксарияти корҳо дасти бо белу каланду зоғнул иҷро мешуд. Бо вуҷуди ин мардумро як ҷушу хуруш ва ғайрату матонат фаро гирифт, аввалин сулолаи энергетикҳо дар ин сохтмон ташаккул ёфт, дар ин ҷо мардум аввалин бор ҳис кард, ки иқтидори дӯстии халқҳо то ба кадом дараҷа бузург аст.

    Ҳамин тариқ, сохтмони ин нерӯгоҳ қариб шаш сол идома ёфт ва агрегати якуми он моҳи декабри соли 1936  ба кор даромад, ки иқтидораш 3720кВт буд. Ин сана ҳамчун рӯзи Энергетикҳо ҳар сол қайд мешавад. Баъд аз ин пай ҳам силсилаи нерӯгоҳҳои барқии Варзоб-2 (7200кВт) ва Варзоб-3 (1760кВт) бунёд ёфтанд. Ин пешравии Энергетика дар он солҳо имконият фароҳам овард, ки ҳам саноат тарақи ёбад ва ҳам ҳаёти иҷтимоии мардум рӯ ба беҳбуди овард. Баъди ба кор даромадани агрегати дуюми НБО-и Варзоб дар шаҳри Душанбе сохтмони заводи нон, заводи шаробкаши, камбинати гушт ва ғайра ба анҷом расиданд. Дар пойтахт сохтмони чандин мактабҳо, шифохонаҳо ва муассисаҳои мадани-равшаннамои оғоз ёфтанд.

  То имрӯз силсилаи Нерӯгоҳҳои Варзоб кор карда, ба мардум нӯру зиё мебахшад. Ба тадриҷ, вале сол то сол бо ҳаҷму меъёрҳои бузургтар энергетика дар Тоҷикистон тараққи мекард ва боиси пешрафту тараққиёти тамоми хоҷагии халқ, рӯшди иқтисодии кишвар мегашт. Дар солҳои 1959-1964 силсилаи нерӯгоҳҳои барқи - оби дар дарёи Вахш, Шаршара, бо иқтидори 30МВт, Сарбанд бо иқтидори 240МВт ва Марказӣ бо иқтидори 15,1МВт Сохта ба истифода дода шуданд. Ҳамаи ин нерӯгоҳҳо дар якҷоягӣ соле 1,3-1,4 миллиард килловат соат нерӯи барқ истеҳсол мекард. Дар он солҳо нерӯгоҳи Сарбанд дар Осиёи Миёна калонтарин буд.

   Соли 1956 дар дарёи Сир Нерӯгоҳи Барқи оби Қайроқум ба номи “Дустии Халқҳо” бо иқтидори 123МВт бунёд ёфт. 5 майи соли 1967 сохтумони Нерӯгоҳи барқи оби Норак оғоз ёфт. Бо шарофати нерӯгоҳи Норак деҳаи Норак ба як шаҳраки зебои ҳозиразамон табдил ёфт. Бо назардошти нерӯи барқи ин неругоҳ дар ноҳияи Турсунзода заводи алюминии Тоҷикистон, дар шаҳри Душанбе, Ваҳдат ва худи Норак корхонаҳои истеҳсоли таҷҳизот ва масолеҳи сохтмон бунёд ёфт. Бунёди нақби ирригатсионии Данғара низ аз бисёр ҷиҳат ба бунёди ин неругоҳ вобастагии қави дорад. Ҳамин тариқ Рӯзи 16 ноябри соли 1972 аввалин агрегати он ба тавлиди барқ оғоз намуд. Нерӯгоҳ бо иқтидори пуррааш соли 1979 ба истифода дода шуд. Ин нерӯгоҳ  бо 9 агрегати иқтидори ҳар кадомаш  300МВт-и соле зиёда аз 11 миллиард килловат соат нерӯи барқ истеҳсол мекунад. Сохтмони нерӯгоҳи барқию обии Бойғозӣ баъди ба итмом расидани Нерӯгоҳи обии Норак оғоз гардид. Аз ҷиҳати иқтидори худ, баъд  аз НБО-и Норак нерӯгоҳи Бойғозӣ бузургтарин дар Ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта иқтидори он ба 600МВт мерасид. Ин нерӯгоҳ соли 1986 пурра ба истифода барӣ дода шудааст.

 Баъд аз корҳои асосии сохтмони нерӯгоҳи барқии Роғун ва Сангтӯда оғоз ёфтанд, ки мутасифона бо сабабҳои маълум баъди пош хурдани Иттиҳоди Шӯравӣ, ҷанги шаҳрванди нақшаи инкишофи энергетикаи Тоҷикистон амали нашуда монд. Баъд аз ноил шудан ба истиклолияти давлатӣ алалхусус, ибтидои хотимаи ҷанги шаҳрванди дар кишвар ва сарвари давлат итихоб шудани Эмомали  Раҳмон бобати дар ҳолати коршоям нигоҳ доштани системаи энергетики ва идомаи сохтмонҳои нотамом тадбирҳои амали андешида шудаанд.

   Бо ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ Нерӯгоҳҳои барқи - обии Сангтӯда-1, Сангтӯда-2, Хатҳои интиқоли барқи 500кВ-и “Шимол-Ҷануб”, 220кВ-и “Лолазор-Хатлон” Қайроқум-Ашт навбати авали марказӣ барқу гармидиҳии Душанбе-2 бо иқтидори 100 мВт соли 2014, навбати дуюми марказӣ барқу гармидиҳии Душанбе-2 бо иқтидори 300мВт, Соли 2016 даҳҳо зеристгоҳҳои хурду бузурги барқи, садҳо Неругоҳҳои хурди барқи сохта ба истифода дода шуд. Дар неругоҳи барқи Обии Роғун, ки дар минтақаи дигар воқеъ буд ва аксарияти техникаву таҷҳизот аллакай ба яғмо рафта буд, ҳифз ва нигоҳубини боқимондаи ин иншооти бузург ва барқарорсозии инфраструктураи он ба роҳ монда шуд, таҳти назорати ҷиддӣ гирифта шуд.

   29 - октябри соли 2016 дар шаҳри Роғун бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳили дарёи Вахш маросими оғози нерӯгоҳи барқии обии “Роғун” барпо шуд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон худ савори булдозер якуним соат бо пеш кардани сангу шағал маҷрои дарёи Вахшро баста ба бунёди сарбанди Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, ки барои мардуми Точикистон ҳаёту мамот аст, ҳусни оғоз бахшиданд. Ҳамин тариқ, масъалаи рушди соҳаи энергетика дар тули 27 соли Истиқлолият ҳамеша дар модди назари Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Аз ин ҳама метавон хулосаи мантиқи баровард, ки бо дастуру тадбирҳо ва кумаку дастгириҳои Пешвои Миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  мо дар остонаи истиқлолияти Энергетики истодаем ва солҳои наздиктарин ба он ноил мегардем.

Рузи 21.12.2018 дар толори маҷлисии ҶСК “Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе”  бахшида ба  «Рузи Энергетика» ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид. Ҷаласаро Директори корхона Раҳимзода Асадулло Акрам ҳусни оғоз бахшида, ҳайати шахсии корхонаро бо фарорасии ин рӯзи фархунда табрику таҳният  намуда даъват ба он сохт, ки баҳри рушд бахшидани соҳаи энергетика ҳамеша пешсафу комилирода бошанд.  Баъдан ҷаласаро Сармуҳандиси корхона Самизода Абдуалим Маҳмад давом дода, тамоми кормандони  соҳаро бо «Рузи Энергетика»  табрику таҳният намуд. Сипас дар охири ҷамъомад ба як қатор кормандони корхона ифтихорномаву туҳфаҳо тақдим карда шуд.

Хамаи кормандони соҳаи энергетика ва сокинони Ҷумҳурии Точикистонро бо ин иди фархунда табрик менамоем! Бигзор дар манзили шумоён гармӣ ва рӯшнои абадӣ бошад!

 

ҶСК "Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе"

 


Ҳамаи эълонҳо