• shbshd@mail.ru
  • 221-86-89
  • ш. Душанбе, куч. Дехлави 4

ДАР БОРАИ МО

Ҷамъияти  Саҳомии Кушодаи «Шабакаҳои барқии  шаҳри Душанбе» соли 1940 таъсис ёфта, сохтори зертобеъи ШСХК «Барқи Тоҷик» мебошад.  Самти асосии фаъолияти корхона қабул ва интиқоли нерӯи барқ дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе муқаррар карда шудааст.

Маълумот оид ба дастовардҳои соҳаи энергетика дар шаҳри Душанбе 

аз давраи 1991 то ба давраи соли 2018.

Соли 1991 дар шаҳри Душанбе 20 адад зеристгоҳҳои барқӣ бо иқтидори умӯмии 640 мВА ба муштариён хизмат мекард. Ҳоло шумораи ин зеристгоҳҳо ба 34 адад расонида шуда, илова бар ин қисми зиёди онҳо таҷдид шуда, иқтидори умӯмӣ ба 1335,8  мВА баробар шудааст.Дар мувозинаи корхона зеристгоҳҳои барқии 110-35-6-10 кВ ба миқдори 34 адад қарор дошта, ба системаи ягонаи энергетикии ҷумҳурӣ тавассути хатҳои баландшиддати 35-110 кВ пайваст мебошанд.  Аз ин зеристгоҳҳои барқӣ  28 адад бо шиддати 110 кВ ва 6 адад бо шиддати 35 кВ фаъолият доранд.Тавоноии умумии  зеристгоҳҳои барқӣ 1335,8 мВА–ро ташкил медиҳанд. Зиёда аз 30% зеристгоҳҳо бо сабаби солҳои тулонӣ дар истифода қарор доштанашон (аз 26 то 64 сол) таҷҳизотҳои сохторҳои тақсимотии 6-10 кВ фарсуда шуда, ба таҷдиду азнавсозӣ эҳтиёҷ доранд. Дар мавсими сармо бо назардошти афзун гаштани истифодабарии нерӯи барқ ва пайвасти иқтидорҳои нав трансформаторҳои ин зеристгоҳҳо дар ҳолати сарборӣ қарор дошта, аз бори максималии трансформаторҳои зикргардида аз меъёри номиналӣ аз 5 то 20 фоиз зиёд мебошанд, ки эътимоднокии таъминоти барқро паст намуда, сифати онро коҳиш дода, боиси норозигии муштариён мегардад.

р/т

Номгӯи

нишондиҳандаҳо

Воҳиди

ченак

Соли

1991

Соли

2016

Фарқият нисбати солҳои1991-2016 бо %

1

2

3

4

5

6

1

Хатҳои барқии ҳавоии  6/10 кВ

км

66,8

253,6

 3,8 маротиб

2

Хатҳои барқии ҳавоии  0,4 кВ

км

682,4

534,4

78,3

3

Хатҳои барқии ҳавоии  0,4 кВ бо ноқили худбари изолятсяшуда 1 кВ (СИП)

км

0

75

-

4

Хатҳои барқии зеризаминии 110 кВ

км

0

3,96

-

5

Хатҳои барқи изеризаминии 35 кВ

км

6,1

9,9

162,3

6

Хатҳои барқии зеризаминии 6/10 кВ

км

587,9

935,1

159,1

7

Хатҳои барқии зеризаминии 0,4 кВ

км

544,5

778,7

143,0

8

Истгоҳҳои трансформатории 6/10-0,4 кВ

адад

702

1507

2,2 маротиб

9

Зеристгоҳҳои барқии 110/35/10-6 кВ

адад

20

34

170,0

10

Нуқтаҳои тақсимтотии 6/10 кВ

адад

22

29

131,8

 Дар солҳои 1991-2016 бо ҷалби сармояҳои ташкилотҳои молиявии байналлмилалӣ тадбиқи як қатор лоиҳаҳо дар шаҳри Душанбе ба анҷом расонида шудааст. Дар доираи тадбиқи лоиҳаи фонди Кувайт ба миқдори 15 млн. доллари ИМА корҳо ба сомон расонида шудаст. Аз ҷумла. ивази хатҳои барқии 0,4-6-10 кВ фарсудагашта ба миқдори 12 км гузаронида, таҷдиди истгоҳҳои трансформатории 6-10 кВ ба миқдори 77 адад  дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе гузаронида шуд. Инчунин, дар доираи татбиқи лоиҳаи “Кам намудани талафоти неру” ва ба кор андохтани системаи нави ба ҳисобгирии неруи барқ “Биллинг”, корҳо дар ҳаҷми 16 млн.  доллари  ИМА анҷом дода шудаанд. Дар доираи ин лоиҳа зиёда аз 75 км  ноқилҳои луч ба ноқилҳои худбари изолятсяшуда НХИ- 1 кВ иваз карда  шудаанд. Аз ҳисоби лоиҳа 170 416 адад ҳисобгиракҳо ва таҷҳизотҳои ба онҳо алоқаманд, кабелу ноқилҳо, 3612 адад трансформаторҳои ҷараён, харидорӣ ва насб карда шудаанд. Бо мақсади пурра ба анҷом расонидани Лоиҳаи “Таъмини барқ дар давраи зимистон”, Бонки Умумиҷаҳонӣ маблағгузории насби ҳисобгираҳоро дар соли 2015 аз ҳисоби пешпардохт пешбинӣ намуд. Дар ин раванд насби зиёда аз 40 ҳазор ҳисобгирак ба нақша гирифта шудааст ва корҳо дар ин самт идома доранд. Гузоштани ҳисобгиракҳои электронӣ дар зеристгоҳҳо, истгоҳҳои трансформаторӣ ва муштариён ба шабакаҳои барқӣ имконият дод, ки тавозуни (баланси) энергияи аз зеристгоҳ ба истгоҳҳои трансформаторӣ ва аз истгоҳҳои трансформаторӣ  ба муштариён интиқолшаванда тартиб дода шавад.

 Мувофиқи нақшаи бисёрсолаи таъмири асосии шабакаҳои барқӣ дар се соли оянда чунин таъмирҳо бояд гузаронида шаванд:

т/р

Номгӯи иншоотҳо

Воҳиди ченак

Ҳаҷми корҳои таъмирӣ

Соли 2017

Соли 2018

Соли 2019

1

ХБҲ 6-10 кВ

км

28,1

13,8

7,6

2

ХБ 0,4 кВ

км

24,0

15,8

6,7

3

ХБЗ 6-10 кВ

км

3,7

3,4

4,6

4

ХБЗ 0,4 кВ

км

0,94

1,42

1,4

5

Ит 6-10 кВ

Адад

54

22

23

7

Васлакҳо

Адад

16

28

-

    Дар солҳои 2005-2017 бо зиёд шудани талабот ба истифодаи нерӯи барқ аз ҳисоби зиёд шудани корхонаҳои саноатӣ ва аҳолӣ, бо мақсади таъмини талаботи шаҳрвандон бо барқи хушсифат дар зиёда аз 9 адад зеристгоҳҳои барқии баланшиддат иқтидори зеристгоҳҳо бо роҳи иваз намудани трансформаторҳои тавоноииашон паст ба баланд зиёд карда щуда, дар 5 зеристгоҳ навбати дуюм ва дар ду зеристгоҳ навбати сеюми трансформаторҳои қуввагӣ насб шуданд. Инчунин дар солҳои охир ду зеристгоҳи нав сохта ба истифода дода шуд.Зиёда аз 78 адад васлакҳои равғандори шиддаташон гуногун ба таҷҳизотҳои дорои технологияи муосир иваз карда шудаанд.

 

Ҳолати қабули нерӯи барқ дар ин давра.

 

 

т/р

Нишондиҳандаҳо

Воҳиди ченак

Дар соли1991

Дар соли 2016

Афзуншавии истифодаи барқ дар с.1991-2016

1

Қабули нерӯи барқ

млн. кВт.с.

1288,04

2860,75

2,2 маротиб

2

Барқи фоиданок

млн. кВт.с.

1099,62

2328,56

2,1 маротиб

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Бо назардошти он, ки қисми зиёди таҷҳизотҳои барқии шабакаҳои тақсимотии 0,4-6-10-35-110 кВ зиёда аз чил сол дар истифода қарор дошта, фарсуда ва ба таъмир эҳтиёҷ доранд, дар истифодабарии техникӣ мушкилотҳои зерин ҷой доранд. Аз ҷумла, дар натиҷаи истифодаи тӯлонӣ хатҳои кабелии 6-10 кВ бори номиналии худро гирифта наметавонанд ва аз ин ҳисоб садамаҳои барқӣ ба амал меоянд. Бо мақсади аз байн бурдани мушкилотҳои ҷойдошта, дар доираи маблағҳои грантии Ҷумҳурии Ҷопон дар шаҳри Душанбе таҷдиди зеристгоҳи барқии “Промишленная” 110/35/10 кВ, ва сохтмони зеристгоҳи барқии нав дар назди иншооти Радиостансия ба нақша гирифта шудааст. Дар ҶСК “Шабакаҳои барқи шаҳри Душанбе” ба миқдори 1727,6 км хатҳои барқии зеризаминии 0,4-6-10 кВ мавриди истифода қарор доранд. Аз ҷумла хатҳои барқии зеризаминии 35 кВ - 9,9 км, хатҳои барқии зеризаминии 6-10 кВ – 935,1 км, хатҳои барқии зеризаминии 0,4 кВ - 778,6 км-ро ташкил медиҳанд. Бояд қайд кард, ки 346,3 км хатҳои барқии зеризаминии 0,4 зиёда аз 35 сол ва 133 км хатҳои зеризаминии 6-10 кВ зиёда аз 30 сол дар истифода қарор дошта, ҳангоми ба истифода додан бори ноқилҳои кабелӣ  бо дарназардошти бори замони мавҷудбуда (солҳои 50-60-ум) пешбинӣ карда шуда буданд, ки  қисми зиёди хатҳои барқии зеризаминӣ дар ин муддат ба садамаҳо дучор гашта, айни ҳол аз 10-15 бастак (муфта) зиёд доранд. Инчунин, дар мавсими сармо ин ноқилҳои кабелӣ иқтидори гузаронидани бори муқарраршударо надоранд ва ба таҷдиду азнавивазкунӣ эҳтиёҷ доранд. Ҳамагӣ дар шаҳри Душанбе ба миқдори 862,7 км хатҳои барқии ҳалқавӣ мавриди истифодабарӣ қарор дорад. Аз ҷумла ХБҲ-253,6 км, ХБҲ- 0,4кВ – 534,4 км, ХБҲ-0,4 кВ бо ноқили худбари изолятсияшуда 1кВ- 74,72 км-ро ташкил медиҳанд. Қисмати зиёди хатҳои барқӣ ҳавоии 0,4-6-10 кВ ба таҷдиду таъмир ва иваз эҳтиёҷ доранд. Дар як қатор хатҳои барқӣ симчӯбҳои чубин фарсуда гашта, ноқилҳои хатҳои барқӣ бо сабаби зиёда аз 30-40 сол дар истифода қарор доштан хосияти техникии худро гум кардаанд. Шумораи умумии истгоҳҳои трансформатории 0,4/6-10 кВ дар мувозинаи ҶСК “Шаакаҳои барқии шаҳри Душанбе” 1507 ададро ташкил медиҳанд. Асосан истгоҳҳои трансформаторӣ солҳои охир аз сабаби фаъолият надоштани дигар сохторҳои муҳандисӣ оид ба таъминоти манбаъи энергия (оби гарм, гармкунии биноҳо ва газ) дар фаслҳои сардӣ ба ҳолати сарборӣ мерасанд ва бинобар ин тез-тез садамаҳо руй дода, боиси қатъшавии барқ мегардад. Исгоҳҳои трансформатории  дорои як трансформатор, ки зиёда аз си чил сол дар истифода қарор доранд, дар маркази шаҳр ҷойгир буда, ба талаботҳои архитектураи шаҳрӣ ва дар истифодабарии техникӣ ба талабоҳои имрӯза ҷавобгӯ нестанд. Ҳамзамон барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани корҳои хизматрасонии таҷҳизотҳои барқӣ, кам намудани талафот ва баланд бардоштани эътимоднокии таъминоти барқ чунин таклифҳоро пешниҳод менамоем:

  1. Аз истифода баровардани трансформаторҳои тавоноии 1000-1600 кВА ба трансформаторҳои 630 кВА дар истгоҳҳои трансформатории 6-10/0,4кВ.
  2. Кашидани хатҳои кабелии 0,4 кВ ба биноҳои истиқоматии баландошёна аз истгоҳ ба ҳар бино дар алоҳидагӣ.
  3. Дар истифода қарор додани таҷҳизотҳо ва технологияи нав.
  4. Сохтмони зеристгоҳҳои 220-110кВ дар маркази  шаҳр.
  5. Пурра гузаштан аз шиддати 6 кВ ба шиддати 10-20 кВ  .
  6. Ивази хатҳои барқии ҳавоии 6-10кВ ба ноқилҳои изолиятсияшуда дар маркази шаҳр ба миқдори 26 км, хатҳои барқии ҳавоии кучаҳои М.Турсунзода, Ҷ. Расулов.
  7. Гузаштан аз ноқилҳои луч ба ноқилҳои НХИ (СИП)-1000В.
  8. Дар истифода қарор додани тунелҳои кабелӣ, таҷдиди   шабакаҳои интиқоли 0,4-6-10кВ
  9. Марҳила ба марҳила таҷдиди  истгоҳҳои трансформатории дорои як трансформатор дар маркази шаҳр.
  10.  Ивази ноқилҳои биноҳои баландошёна, ки буришашон то 25мм2 мебошад, инчунин мутобиқ кардани бори ҷараён бо худкор (автомат).
  11. Гузаштан ба системаи нави  баҳисобгирии нерӯи  барқ “Биллинг”.
  12. Таҷдиди пурраи шабакаҳои  тақсимотии 0,4-6-10кВ ба таври замонавӣ-шаҳрӣ.

 

Оид ба вазъи воқеъӣ ва дурнамои рушди соҳаи энергетика

дар шаҳри Душанбе дар солҳои 2017-2025. 

Ҳамагӣ миқдори трансформаторҳои қуввагии зеристгоҳҳои барқӣ  68 ададро ташкил медиҳад, ки мӯҳлати истифодабарии 50 фоизи онҳо гузаштааст. Ҳамчунин қайд кардан зарур аст, ки қисми зиёди сохторҳои тақсимотӣ (ОРУ-110 кВ, 35 кВ) солҳои зиёд дар баҳрабардорӣ буда, дастрас намудани қисмҳои эҳтиётӣ барои онҳо ғайриимкон мебошад. Дар сурати таҷдид намудани зеристгоҳҳои барқӣ, ивази трансформаторҳои тавоноиашон паст ба баланд дар ин зеристгоҳҳо ва ивази сохторҳои тақсимотии 6-10 кВ бо намуди муосир, мушкилотҳои сарбории трансформаторҳо аз байн рафта, омилҳои  рух додани садамаҳо дар таҷҳизотҳои барқӣ пешгирӣ карда мешаванд. Инчунин, таъминоти боэътимоди барқ ва сифати он ба талабот ва меёрҳо ҷавобгӯ мегардад. Илова бар ин, дар як қисми трансформаторҳои 6-10 кВ, ки бори воқеии онҳо аз меъёр зиёд мебошанд,  эҳтиёҷ ба иваз намудани тавоноии паст ба баландро доранд.

Нишондиҳандаҳои омории

соҳаи энергетика дар шаҳри Душанбе дар солҳои 1991-2016.

р/т

Номгӯи

нишондиҳандаҳо

Воҳиди

ченак

Соли

1991

Соли

2016

Фарқият нисбати солҳои1991-2016

1

2

3

4

5

6

1

Хатҳои барқии ҳавоии  6/10 кВ

км

66,8

253,6

 3,8 маротиб

2

Хатҳои барқии ҳавоии  0,4 кВ

км

682,4

534,4

78,3

3

Хатҳои барқии ҳавоии  0,4 кВ бо ноқили худбари изолятсяшуда 1 кВ (СИП)

км

0

75

-

4

Хатҳои барқии зеризаминии 110 кВ

км

0

3,96

-

5

Хатҳои барқи изеризаминии 35 кВ

км

6,1

9,9

162,3

6

Хатҳои барқии зеризаминии 6/10 кВ

км

587,9

935,1

159,1

7

Хатҳои барқии зеризаминии 0,4 кВ

км

544,5

778,7

143,0

8

Истгоҳҳои трансформатории 6/10-0,4 кВ

адад

702

1507

2,2 маротиб

9

Зеристгоҳҳои барқии 110/35/10-6 кВ

адад

20

34

170,0

10

Нуқтаҳои тақсимтотии 6/10 кВ

адад

22

29

131,8